Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Хушо вақте, ба ёдат мурғи тоқат мепарид аз ман,

Хушо вақте, ба ёдат мурғи тоқат мепарид аз ман, Чу бисмил боли дил дар хуни ҳасрат метапид аз ман. Ба пешаш гиряҳо кардам, нагуфто, баҳри чи гирйӣ? Чи мешуд, оҳи бетобона гоҳе мешунид аз ман. Ту мерафтиву ман чун нақши по бар хок мехуфтам, Вале пайки сиришк андар қафоят мерасид аз ман. Ҳам аз оғози тифлӣ он бути шангули бепарво Чу аз нақши паланг оҳуи ваҳшӣ мерамид аз ман. Шаби ҳиҷрон, ки ёди он гули рухсор мекардам, Ба ҷойи қатра хун аз чашми ҳасрат мечакид аз ман. Чу тир аз ростӣ бо ҳар кӣ сар дар банди ӯ кардам, Сар аз сози тамарруд чун камони каҷ кашид аз ман. Тавофи остони кист, Ҳоҷӣ, завқи эҳромам, Ба гаштан сарф шуд, ҳар ҷо ғуборе шуд падид аз ман.