Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Он қадар пӯшидааст бар ҳамгинон аҳволи ман,

Он қадар пӯшидааст бар ҳамгинон аҳволи ман, Ҷавҳари ойина натвон кард истиқболи ман. Имтидоди фурсати ҳастӣ надорад эътибор, Як нафас ҳам бештар бошад зи моҳи соли ман. Ранги ҳасрат он қадар бо хуни ман омехта-ст, Мевазад боди хазон аз гулшани тимсоли ман. Дарду доғат парваридам чун падар андар канор, Мекунанд аз баъди мурдан чун писар дунболи ман. Баски кулфатҳои ҳиҷрон хуни ман дарҳам кашид, Чун қалам бе об натвонад замон аҳволи ман. Ҳоҷӣ, ҳангоми тамошояш чи ҳайрат доштам, Ҳамчунон ойина гум шуд дар миён тимсоли ман.