Бувад он даме, ки бӯсе зи лаби нигор гирам,
Бувад он даме, ки бӯсе зи лаби нигор гирам,
Қадди сарви навниҳолат шабе дар канор гирам.
Макун ин ҷафо ҳамора, магузин зи мо канора,
Ки мабод бе ҷамолат ба адам қарор гирам.
Чи қиёмат аст он дам, ки кашӣ ниқоб аз ҳам,
Ба дами лиқо чу шабнам ба ҳаво қарор гирам.
Ба ту хеш чун расонам, пайи Рахши ту надонам?
Магар аз ҳавопарастӣ раҳе чун ғубор гирам.
Ту маҳи фалакнавардӣ, ба замин мабод гардӣ,
Ки зи ҳоли беқарорӣ зи ту эътизор гирам.
Чи шавад, шавӣ хиромон бари пурсиши ғарибон,
Ба ду чашми ашкрезон зи раҳат ғубор гирам.
Ҳама ваҳшатам фузуданд, чу туро ба ман намуданд,
Магарам ба доми зулфат дили беқарор гирам.
Ту на он бути накӯйӣ, ки шавӣ ба тундхӯйӣ,
Сухани дурушт гӯйӣ, ки зи ту канор гирам.
Ба ту Ҳоҷӣ ин таманно ба сад эътизор мегуфт:
Бувад он даме, ки бӯсе зи лаби нигор гирам.