Хотир аз ёди тамошои ту пургул дорам,
Хотир аз ёди тамошои ту пургул дорам,
Дили ошуфта аз он турраи сунбул дорам.
Нест бар фаҳми даҳони ту, ки чун ҷавҳари фард
Бирасам ҳар қадар, асбоби тааммул дорам.
Дастаи зулфи ту ҳар гоҳ фитад дар дастам,
Кай ҳавас бар гираҳи дастаи сунбул дорам.
Ҳамчунон фохта дар кӯйи ту ку-ку гӯён,
Ба таваллои ту сад нола чу булбул дорам.
Ҳамчунон зулфи ту чандон ки назар кор кунад,
Дили печида ба сад даври тасалсул дорам.
Ҳар қадар сангзанон санг ба ман андозанд,
Ҳамчунон домани куҳсор таҳаммул дорам.
Ҳоҷӣ, натвон шарафи суҳбати ӯ бо шоҳӣ,
Магар аз нисбати тақво, ки тавассул дорам.