Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Нашъаи файзе зи субҳи рӯзгори Бедилам,

Нашъаи файзе зи субҳи рӯзгори Бедилам, Қатраи ашке зи чашми интизори Бедилам. Пой то сар з-оташи дил, аз таби шавқам гудохт, Ҳамчун шамъи ашкрезон бар мазори Бедилам. Бе мурувват магзар аз мо, рутбаи аҷзам шинос, Гарчи товоне надорам, хоксори Бедилам. Аз гарониҳо сарамро тоқати зону намонд, Оламе савдо ба сар, девонавори Бедилам. Донаи дил зери гардун файзи сарсабзӣ надид, Солҳо дар хоксорӣ хаставори Бедилам. Корвони мо куҷо бар манзили мақсад расад, Нақши по афтодае дар раҳгузори Бедилам. Хотири мо, Ҳоҷӣ, бар асбоби ҷамъият насохт, В-арна ман ҳам софтабъе аз шумори Бедилам.