Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ба ту, эй нигори ширин, гилаву гузор дорам,

Ба ту, эй нигори ширин, гилаву гузор дорам, Ки нагуфтӣ ҳеч гоҳе, ба дарат чи кор дорам. Ба дурӯза умр натвон ғами интизор гӯям, Ки ба ҳашр тай нагардад, ҳамаро шумор дорам. Раҳи нола чун тавонам, ки кунам ба фикр кӯтаҳ Ки чу най фиғон кашидан на ба ихтиёр дорам. Ба уруҷи осмон ҳам чу ҳилол агар бароям, Зи сари ниёзу таслим ҳама иштиҳор дорам. Ба хаёли ҷилваи ӯ ҳама рӯз шом кардам, Ба умеди ваъдаи ӯ ҳама шаб наҳор дорам. Туву сад ҳазор чун ман, ба яке ғаме надорӣ, Ману дар хаёли як ту, ғами сад ҳазор дорам. Ба касе ҳикояти ту ба ҳама ҷафо накардам, Ту агар шикояти ман кунӣ, ифтихор дорам. Ба ту арзи ҳоли дилро нанамудам ошкора, Агарам ба хоб оҳе дамад, эътизор дорам. Туву аз ҷафо нагуфтӣ, ки чи ҳол дорӣ, Ҳоҷӣ, Ба ту, эй нигори ширин, гилаву гузор дорам.