Чаро, эй чарх, медорӣ ба ҳар соле ту маъюсам,
Чаро, эй чарх, медорӣ ба ҳар соле ту маъюсам,
Магар боке намесозӣ зи тири оҳи афсӯсам.
Кадомин орзуи гулшанеро дар назар дорам,
Саропо сурати доғе чу нақши боли товусам.
Ба ғайр аз рабти ҳастӣ нест садди роҳи болидан,
Фурӯғи зиндагӣ чун шамъ пайдо кард фонусам.
Ҳазор ойина пайдо мекунад гарди шикасти ман,
Паёми ҷилвааш бар сози рафтан мезанад бӯсам.
Чу най аз нолаам ангушти ҳайронӣ ба лаб гирад,
Ҳар он к-ӯ бишнавад оҳи дили бемори маъюсам.
Ба минои вуҷудам олами асрор пинҳон аст,
Муҳите дар бағал дорад ҳубоби ранги маҳсусам.
Тамошои ҷаҳон, Ҳоҷӣ, дили озод мехоҳад,
Ман аз оғози тифлӣ дар хами он зулф маҳбусам.