Тарфи рӯят баҳор мебинам,
Тарфи рӯят баҳор мебинам,
Турраатро чу мор мебинам.
Наргиси пурхумори шаҳлоят
Фитнаи рӯзгор мебинам.
Мижжагони қатори хунрезат
Ханҷари обдор мебинам.
Аз касон бар канор мегирам,
Кай туро дар канор мебинам.
Чун ба аҳди ту эътиборе нест,
Аз ту чун эътибор мебинам.
Дар баҳорон ба ранги ҳоли дилам,
Лоларо доғдор мебинам.
Ҳамчу ҳиҷрон надонам андар васл,
Аз чи дил беқарор мебинам.
Дил ба савдои зулфи ӯ бастан
Кай ба худ ихтиёр мебинам.
Ҳоҷӣ, аз кардаҳои нодонӣ,
Хиҷлати сад ҳазор мебинам.