Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Бе рӯйи ту ҳар куҷо нишастем,

Бе рӯйи ту ҳар куҷо нишастем, Бо тирагӣ чун Суҳо нишастем. Гуфтӣ, ки чу маҳ барояд, оям, Маҳ омаду рафту мо нишастем. Саҳл аст ба мо, ту аҳл гардӣ, Ойӣ бари марҳабо, нишастем. Зоҳид бинишаст рӯ ба қибла, Мо бар ҷиҳати шумо нишастем. Андар пайи он нигори чолок, Эй дил, ту бирав, ки мо нишастем. Ҳар ҷо, ки хироми ҷилваи ӯст, Чун соя ба нақши по нишастем. Чун ашк зи манзари таманно Рафтем ба хок, то нишастем. Аз ваҳшати даҳр дар ҷавонӣ Ҳамчун маҳи нав дуто нишастем. Чун соя ба пойи ҳамнишинон Рафтему ба ҳар куҷо нишастем. Ҳоҷӣ, зи ғами замона умре, Ҳасраткашу мубтало нишастем.