Басо умрест андар пардаи гумномӣ мастурам,
Басо умрест андар пардаи гумномӣ мастурам,
Зи дасти бетамизиҳои даврон зинда дар гӯрам.
Чу ашкам нест сомоне ба ҷуз дар пой ғалтидан,
Ба ин афтодагӣ, тарсам, набардорад дами сурам.
Ба ҳасрат гарчи рафтам, фориғ аз ҷаври ҷаҳон гаштам,
Табассум мекунад хамёза оғӯши лаби гӯрам.
Барои саҷдае, то бар дарат ҳусни қабул орад,
Вузӯе медиҳад аъзо ба хуни хеш Мансурам.
Надорад интихоби ранг сомоне дар ин гулшан,
Начидам гул агар, эй боғбон, медор маъзурам.
Нашуд масруфи тамкин як нафас охир ғубори ман,
Ҳавои домани нози кӣ афканда-ст дар шӯрам?
Чу анқо бастам аз асбоби дунё нақши озодӣ,
Халос аз қайди сайёдам, чу ранге нест манзурам.
Ба ҳар кас ошноӣ пеш овардам ба умеде,
Ба найранги тавозуъ ҳамчу тир афканд бар дурам.
Зи гирудори даврон як замон, Ҳоҷӣ, наям фориғ,
Бувад оё, даме бинам, ба фикри хеш маъмурам.