Эй дил, биё, ба ёдаш то нолае барорам,
Эй дил, биё, ба ёдаш то нолае барорам,
То кай хамӯш чун шамъ сӯзанд з-интизорам.
Худро ба бод додам аз шавқи ин таманно,
То бар хатти сиёҳаш резад яке ғуборам.
Дар шоми бекасиҳо то вақти субҳгоҳӣ
Чун шамъ з-оташи дил сар то ба по шарорам.
Инкори ҳолати мо то чанд менамоӣ,
Биншин яке замоне, то дарди дил шуморам.
Ҳангоми субҳгоҳӣ чун шабнам об гаштам,
Дар пойи гулъизоре резанд ашкворам.
Натвон дар ин гулистон бе заҳмат орамидан,
То гул ба сар ниҳодам, дар по халид хорам.
Атвори мардумӣ нест худро баланд дидан,
Аз қиссаи Балис аст ойинаи дучорам.
Дил воқифи гудоз аст, шавқе агар гуморӣ,
Ойина метаровад, санге, ки мефишорам.
Ҳоҷӣ, шикеб то кай, тоқат наметавонам,
Эй дил, биё, ба ёдаш то нолае барорам.