Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба роҳам дидиву нодида кардӣ,

Ба роҳам дидиву нодида кардӣ, Саломат гуфтаму нашнида кардӣ. Гар ин маънӣ писанди хотири туст, Намегӯям, ки напсандида кардӣ. Дилам хун гашту омад ҳамдами ашк, Ба дида, то ту ҷо дар дида кардӣ. Хуш он рӯзе, ки аз таъни рақибон, Ба сӯи ман назар дуздида кардӣ. Агар гуфтӣ сухан, оҳиста гуфтӣ, В-агар кардӣ назар, пӯшида кардӣ. Шудӣ ороми ҷонам, гӯиё раҳм, Бар ин ҷони наёромида кардӣ. Чу баргардидӣ аз Ҷомӣ, аҷаб нест, Ки номаш бахтбаргардида кардӣ.