Шаб, ки тӯфонҷӯшии чашми тарам омад ба ёд,
Шаб, ки тӯфонҷӯшии чашми тарам омад ба ёд,
Фикри дил кардам, балои дигарам омад ба ёд.
Бо кадомин обрӯ хоки дараш хоҳӣ шудан?
Доғ шав, эй ҷабҳа, домони тарам омад ба ёд.
Нақши пое кард гул, бетобиам дар хун нишонд,
Паҳлуе бар хок дидам, бистарам омад ба ёд.
Зарраро дидам парафшони ҳавои нестӣ,
Нуқтае аз интихоби дафтарам омад ба ёд.
Саҷда манзури киям, нақши ҷабинам ҷӯш зад?
Хоки ҷавлони кӣ хоҳам шуд, сарам омад ба ёд?
Дар гиребон ғӯта хӯрдам, растам аз ошӯби даҳр,
Киштиам мебурд тӯфон, лангарам омад ба ёд.
Бе ту умре дар адам ҳам нанги ҳастӣ доштам,
Сӯхтам бар хеш, то хокистарам омад ба ёд.
То саҳар бепарда гардад, шабнам аз худ рафтааст,
Алвидоъ, эй ҳамнишинон, дилбарам омад ба ёд.
Ҷуръатам аз хиҷлати бедастгоҳӣ доғ кард,
Нола шуд парвоз, то аҷзи парам омад ба ёд.
Ҳасрати тӯфони баҳори олами махмуриам,
Ҳар қадар гардид рангам, соғарам омад ба ёд.
Эй фаромӯшӣ, куҷоӣ, то ба фарёдам расӣ?
Боз аҳволи дили ғампарварам омад ба ёд.
Бедил, изҳори камолам маҳви нуқсон будааст,
То шикаст оина, арзи ҷавҳарам омад ба ёд.