Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Шармандаам, ки ёд надорам баҳорро,
Шармандаам, ки ёд надорам баҳорро, Ширинии саодати перору порро. Эй хоб, эй ки умри маро дам кашидаӣ, Аз ман салом гӯ маҳи шабзиндадорро.
Азизо, оштӣ бахшо шаётинрову раҳмонро,
Азизо, оштӣ бахшо шаётинрову раҳмонро, Фароғатҳои соҳилрову растохези тӯфонро. Биё, эй раҳнамои офтобоғӯши зулматкуш, Зи дунболат бибар ин жандапӯшу каҷкулоҳонр
Дар қафасаш фикандаам кӯҳнадили шикастаро,
Дар қафасаш фикандаам кӯҳнадили шикастаро, Ҳадя намекунам ба кас ҷомаи обшустаро. Раста ба раста мебарад қавм матоъи фақрро, Кӯча ба кӯча мекашад халқ вуҷуди ха
Бигӯяндам, ки камтар гӯ суханҳои китобиро,
Бигӯяндам, ки камтар гӯ суханҳои китобиро, Ки хушкистони рӯҳи мо бихоҳад лаҳни обиро. Саҳархезон, ки дарсомӯзи мактабхонаи субҳанд, Забони нур медонанду ҳарфи о
Дили озод, чу ту ҳамқафасе нест маро,
Дили озод, чу ту ҳамқафасе нест маро, Ҷуз ту, эй дур, дигар дастрасе нест маро. Ишқ ҳам ҳавсала мехоҳад, аё қалби лаванд, Тапише нест турову ҳавасе нест маро.
Берун шав аз мурдоби шак, бар диданам боло баро,
Берун шав аз мурдоби шак, бар диданам боло баро, Аз ин лаҷанолудагӣ худро ба худ поло, баро. Эй бадгумон аз оина, зангор дар чашмони туст, Хоҳӣ, ки рӯшан биниям
Ҷоне, ки ба инзиво гароид,
Ҷоне, ки ба инзиво гароид, паймуд тамоми бекаронро, Чашме, ки зи рози шаб хабар ёфт, афрӯхт чароғи ахтаронро.
Вақт, бигзор, ки таҳрир кунам фардоро,
Вақт, бигзор, ки таҳрир кунам фардоро, Рӯди навсамт шавам, тоза кунам маҷроро. Баъди сад соли ғурубам, ки касе ёд накард, Мурдаи ман бишамад роиҳаи Исоро.
Умре ба ҳам дилбастаем, аммо ҷудоему ҷудо,
Умре ба ҳам дилбастаем, аммо ҷудоему ҷудо, Як лаҳза дидоре расад, он ҳам шавад сарфи видоъ. Хомӯш чун исторагон тобем бо ҳам як назар, Чашмони ман гӯяд «бирав»,
Рафтем, биёмезем бо вусъати нопайдо,
Рафтем, биёмезем бо вусъати нопайдо, Бо олиҳаи хуршед, бо роиҳаи саҳро. Хуршед, шабехун зан бар ғори ғариби ман, Фатҳи мани одӣ кун, эй аз ҳама беҳамто.
Офарин, эй ки зи сифр оғоз кардӣ корро,
Офарин, эй ки зи сифр оғоз кардӣ корро, Андак-андак то фалак бардоштӣ деворро. Бо чӣ шавкат осмони абрии урдибиҳишт Мекунад бар хок холӣ соғари саршорро.
Эй офтоби гармхун, тобон кун обони маро,
Эй офтоби гармхун, тобон кун обони маро, Эй сабзрӯҳ, оғӯш кун даймоҳи урёни маро. Бар рӯди рӯҳонӣ расон аз эҳтиёҷи ташнагон, Бар чашмаи қудсӣ бигӯ сӯзи биёбони
Ошноӣ охир омад, инзиво бояд маро,
Ошноӣ охир омад, инзиво бояд маро, Инзиво ҳам тангдил шуд, ошно бояд маро. Умрҳо беҳуда ҷустам илтифоти кадхудо, Кадхудо бигзор, алтофи Худо бояд маро.
Одамӣ меборад, аммо боз ман танҳову танҳо,
Одамӣ меборад, аммо боз ман танҳову танҳо, Шаҳр мепечад ба ғавғо, боз ман танҳову танҳо. Ҳар кӣ побанди ғами худ, ғарқи ташвишу тараддуд, Ҳар сару сад гуна савд
Ангушти ҷон, ки мешунавад набзи хомаро,
Ангушти ҷон, ки мешунавад набзи хомаро, Мавзун мекунад зарабони чакомаро. Андар лабат каломи шакарпораам биёр, Хушбахт кун ба тӯҳфа мани шаҳдкомаро.
Аз пушти сина дасти кӣ барканд лоларо,
Аз пушти сина дасти кӣ барканд лоларо, Аз хомӯшии лола кӣ бишнид ноларо. Эй ишқ, эй ки мӯъҷизаи ғайб мекунӣ, Таъмир кун харобаи милярдсоларо.
Аждаҳо шуд ғами ман, то зи дарун хӯрд маро,
Аждаҳо шуд ғами ман, то зи дарун хӯрд маро, Оби оина чу гирдоби бало бурд маро. Хурд шуд, хурд шуду тӯъмаи тимсоҳе гашт, Офтоби қафаси сина, ки пажмурд маро.
Аз пардаҳои чашм бияфшон ғуборро,
Аз пардаҳои чашм бияфшон ғуборро, Шодӣ бубахш ҳастии фурсатшуморро. Гарм аст, маҳфиле, ки ту бошию чун туе, Эй меҳрубон, тарона бибанд ин баҳорро.
Ҷавоб ба Устод Ҳофизи Шерозӣ
Ҷавоб ба Ҳофизи Шерозӣ Бигӯ, Ҳофиз, ба ҳоли дӯст додӣ мулки дунёро, Биё, бингар ҷамоли ёри тоҷик, нури маъвораро. На Самарқанду на Бухоро ба қадри ҳусни ӯ арза
Тақдири шӯр
Тақдири шӯр Рафтанатро ман нахостам, лек афсус, чун нашуд, Гиряашро ман нахостам, лек афсус, чун нашуд. Сад дареғо, қалби пурдарду алам аз ҳасрат бисӯхт,
Нафси шум
Нафси шум. Умри ширин сарф кардам дар паи нафси шум, Аз намозу зикри Ҳақ мондам, дареғо, дар ситам. Умр бар боди ҳаво додам, бидуни маърифат,
Бизан мутриб
Бизан, мутриб, дигар он дилбарам дилдор нашуд охир, Бути афсунгарам бар лаб ба лаб паймона нашуд охир. Дигар он соқии маст нест, ки шабҳо шароби оташин резад, Б
Эй Сорбон
Эй сорбон, оҳиста рон, рафти ту ҷонам меравад, Он шаб, ки туро бурданд, бо рафтанат ҷаҳонам меравад. Бингар, ҳама гирён шуданд бо рафтани ту аз замин, Хуш гашт
Хез, то ҷомаи андешаву ғам чок занем,
Хез, то ҷомаи андешаву ғам чок занем, Хаймаи ишқу тараб бар сари афлок занем. Сухани аҳли насиҳат ҳама бар бод диҳем, Сӯҳбати халқи замона ҳама бар хок занем.
Дар ҳама олам чу ту чолок нест,
Дар ҳама олам чу ту чолок нест, Дар ҳама гетӣ чу ту бебок нест. Нест чун ман ошиқи шайдо кунун, З-он ки чун ту дилбари чолок нест.
