Хез, то ҷомаи андешаву ғам чок занем,
Хез, то ҷомаи андешаву ғам чок занем,
Хаймаи ишқу тараб бар сари афлок занем.
Сухани аҳли насиҳат ҳама бар бод диҳем,
Сӯҳбати халқи замона ҳама бар хок занем.
Пой дар доираи аҳли харобот ниҳем,
Даст дар домани он лӯъбати чолок занем.
Гоҳ дар майкада бода ба тараб нӯш кунем,
Гоҳ дар мастаба ҷома зи ҳавас чок занем.
Ҳар куҷо муфлиси нобок падидор шавад,
Чанг дар сӯҳбати он муфлиси нобок занем.
Дар харобот ба шодӣ бинишинем, Парӣ,
Ба сабӯҳӣ раҳи ушшоқи тарабнок занем.