Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Дар ҳама олам чу ту чолок нест,

Дар ҳама олам чу ту чолок нест, Дар ҳама гетӣ чу ту бебок нест. Нест чун ман ошиқи шайдо кунун, З-он ки чун ту дилбари чолок нест. Дар кафам аз ишқи ту ҷуз бок не, Бар сарам аз меҳри ту ҷуз хок нест. Нест аз ушшоқи олам ҳеч кас, К-аз ғами ту домани ӯ чок нест. Бе туям ёру қарин дар рӯзу шаб Ҷуз дили сарду дили ғамнок нест. Бар суханҳои чу заҳрат гоҳи хашм Ҷуз лаби ширини ту тарёк нест. Гӯӣ аз меҳри Парӣ худ шуста дил, Гарчи аз кинам дили ту пок нест.