Ман нагӯям, ки ту сарвӣ, манишин, бозӣ кун,
Ман нагӯям, ки ту сарвӣ, манишин, бозӣ кун,
Хоҳ бархоста, хоҳӣ бинишин, бозӣ кун,
Чин зи абрӯ бару бе чини ҷабин бозӣ кун,
Баҳри дилҳои асирони ҳазин бозӣ кун,
Гарчи хуршедӣ, Худоро, бинишин, бозӣ кун.
Имшаб он шаб, ки дил аз моҳҷабинон бибарӣ,
Рӯи хубе ба сари зулфи парешон бибарӣ,
Сабру тамкину шикебоии хубон бибарӣ,
Омад он дам, ки дил аз дасти ман осон бибарӣ.
Ба фидои ту кунам ҷон, беҳ аз ин бозӣ кун.
Баски аз сунбули тар боғи ту рангин шудааст,
То хат овардӣ, ҷаҳон ҷӯши раёҳин шудааст,
Каъбаи рӯи ту дар ҷомаи мушкин шудааст,
Зулф бар орази гулгуни ту чин-чин шудааст,
Метавонӣ чӣ қадар, эй бути Чин, бозӣ кун.
Омадӣ чархзанон, сарви хиромон, имшаб,
Кардаӣ зулф ба рухсора парешон имшаб,
Шамъи афрӯхтаро куштӣ ба домон имшаб,
Рост баргӯ, ба кӣ дорӣ сари паймон имшаб?
Ҳар киро хост дилат, хоҳ гузин, бозӣ кун.
Эй ситамгар, зи куҷо шишаи соғар задаӣ,
Барқ дар хирмани тамкини ҷаҳон барзадаӣ,
На ҳамин домани зулфайни дару дар задаӣ,
Имшаб аз хуни Парӣ ҷоми мукаррар задаӣ,
Тарҳи бедорӣ туро шуд ба нигин, бозӣ кун.