Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Азизам, нури чашмам, ҷисму ҷонам, аз чӣ ранҷидӣ?

Азизам, нури чашмам, ҷисму ҷонам, аз чӣ ранҷидӣ? Туӣ дар тан ҳаёти ҷовидонам, аз чӣ ранҷидӣ? Туро ғабғаб чу Юсуф ҳусну ҷонам, аз чӣ ранҷидӣ? Гуноҳам чист, эй ширинзабонам, аз чӣ ранҷидӣ? Чӣ бад кардам, чӣ гуфтам ман, надонам, аз чӣ ранҷидӣ? Сифотатро хирад лолу забон кӯтаҳ баён созам, Чу Юсуф кам шуда ҳуснат, ба дил гуфтам, аён созам, Яке густохӣ ин буд, то ки меҳрат имтиҳон созам, Вагарна, хоки поят тӯтиё бар дидагонат созам. Асират ман, маҳи номеҳрубонам, аз чӣ ранҷидӣ? Маҳи рӯят намудӣ ногаҳон, эй дилбари бебок, Зи ашки оразат шуд музмаҳил хуршед аз афлок, Зи тоби чеҳраат гул дар чаман дорад гиребон чок, Биё, з-ин бештар доғе манеҳ бар дидаи ғамнок, Бигӯ, бигдохт мағзи устухонам, аз чӣ ранҷидӣ? Илоҳӣ, то ҷаҳон барпост, ҳуснат барфузун бодо, Ки рӯи Саййиду авлоди Одам раҳнамун бодо, Ки ҳар кас ҳаст бадхоҳи ту, бахташ вожгун бодо, Рақибони сияҳрӯят, илоҳо ғарқи хун бодо, Сурури дил, ҳаёти ҷовидонам, аз чӣ ранҷидӣ? Ҳазорон бад агар бошад, ҳаёти Хизр соли ман, Набошад меҳри рӯят соате дур аз хаёли ман, Наметарсам, агар мирам, напурсӣ дарду ҳоли ман, Тараҳҳум кун ба ин роҳат ту, эй нозукниҳоли ман, Қасам ин, гар тавонӣ имтиҳонам, аз чӣ ранҷидӣ? Аз он рӯзе, ки дар рӯзи авал «қол»-у «бало» гуфтам, Халоиқ мӯътақид мехост, ман аввал туро гуфтам, Санову ҳамд гуфтам, бас дуруди Мустафо гуфтам, Ба ҳар як авлиё рафта ба ҷонат ман дуъо гуфтам, Шудӣ бе миннате вирди забонам, аз чӣ ранҷидӣ? Надорам тоқате з-ин беш, эй раъно, илоҷам кун, Бимурдам аз ғамат, эй шӯхи бепарво, илоҷам кун, Шудам расвои олам, эй гули зебо, илоҷам кун, Ту раҳме кун ба ҳоли ман, аё ҷоно, илоҷам кун, Ба чашмонат тасаддуқ ҷисму ҷонам, аз чӣ ранҷидӣ? Ҷамоли ҷилвагар бар рӯзу шаб, эй пок, дар чашмам, Ки бе рӯят ҷаҳоне камтар аз хошок дар чашмам, Агар ту хоки поятро ниҳӣ з-афлок дар чашмам,