Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ САЪДӢ

Ба абри сунъ чу машшотагон кардастанд, Тилисми боғ дар ин бӯстон бишкастанд, Ҳамин на сабзаву гулҳои настаран рустанд, «Дарахт ғунча бароварду булбулон мастанд, Ҷаҳон ҷавон шуду ёрон ба айш биншастанд». Шунидаам, ки гурӯҳе зи роҳи сайёрӣ Даромаданд ба гулзор аз сари ёрӣ, Ҳадиси ғунчаву гул карда бар забон ҷорӣ, Ба сарв гуфт яке: «Мевае намеорӣ?» Ҷавоб дод, ки «Озодагон тиҳидастанд». Баҳор омаду дар боғ аз салои нишот Ба сурхрӯӣ даромад гул аз барои нишот, Ки булбулон шуда з-он рӯ ғазалсарои нишот, «Бисоти сабза лагадкӯб шуд ба пои нишот, Зи баски орифу омӣ ба рақс барҷастанд». Ба пири майкада гуфтам, ки «Чист охири кор?» Хабар набуд касеро зи хилвати асрор, Ҳазор қарн гузаштаст, омада бисёр, «Бурун намеравад аз хонақаҳ яке ҳушёр, Ки пеши шаҳна нагӯяд, ки сӯфиён мастанд». Агар хирад шавадат дастгиру роҳнамо, Чунин қазо нашавад, дашти бехудӣ паймо, Забони ишқи Парӣ ҳам бар ин сухан кӯтоҳ, «Ба роҳи ишқ бирафтанд, Саъдиё, онҳо, Ки раҳ ба олами девонагон надонистанд».