МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ СУЛАЙМОНӢ
Ҷон ҳайф, ба кӯи ту тапидан натавонист,
Кар гӯш, ҳадиси ту шунидан натавонист.
Хун дида, гули рӯи ту дидан натавонист,
«Чун хок ба пои ту расидан натавонист,
Дил об, ба роҳи ту чакидан натавонист».
То шона ба гесӯи ту зад дасти тавассул,
Гардид парешон ба чаман хотири сунбул,
Эй ғунчаи сероби гулатро ҳама булбул.
«Хуш тавф кунад боди сабо дар ҳарами гул,
Дар гулшани кӯи ту вазидан натавонист».
То акси рухи моҳи нав аз парда туро дид,
Олам ҳама як дидаи ҳайрон ба ту гардид,
Ҳар дида ба ҳар ҷой, ки дидаст, туро дид,
«Мехост, қалам чун ту кашад сурати хуршед,
Ҷуз сурати оина кашидан натавонист».
Эй ҷилваат аз ҷумлаи ашё шуда маълум,
Дарси ғами ишқи ту бувад бо ҳама мафҳум,
Ҳиҷрони ту мавҷуд, вале васли ту маъдум,
«Эй вой, зи парвози ҳамон бисмили маҳрум
Бигзашт зи худ, бо ту расидан натавонист».
Танҳо на асири қади дилҷӯи ту шамшод,
Аз тавқи ғуломии ту қумрӣ шуда дилшод,
Эй гашта гирифтори ғамат бандаи озод,
«Озодии сайде, ки ба доми чу ту сайёд
Афтод, дигар бор рамидан натавонист».
Субҳам накунад ҳеҷ нумӯ ҷуз асари шом,
Гардид гулам ғунчаву охир самарам хом,
Фарёд зи оғози ману дод зи анҷом,
«Шуд уқда ба дил шарҳи ғаму ғуссаи айём,
Лаб гуфта, аз он гӯш шунидан натавонист».
Эй сиккаи хубӣ зада бар номи ту даврон.
Хайлу ҳашамат ҳазрати ҳусни ту дилу ҷон,
Худ кист, Парӣ, сар наниҳад бар хату фармон?
«Фармонбари фармони ту гардида Сулаймон,
Сар аз хами ҳукми ту кашидан натавонист».