МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ ЗУҲУРӢ
Зи гӯш пунбаи ғафлат кашидан осон нест,
Ҳадиси аҳли сафоро шунидан осон нест,
Ба пои ланг дар ин раҳ давидан осон нест,
«Қадам зи маркази имкон кашидан осон нест,
Даруни хилвати ваҳдат расидан осон нест».
Ба хок даъвии гарданкашон намебошад,
Ба соя орзуи хонумон намебошад,
Тариқи аҳли вафо ину он намебошад,
«Фақир толиби ному нишон намебошад,
Бирав, ки ҷомаи шӯҳрат даридан осон нест».
Ба хок реша давониданат самарнок аст,
Зи худ баромаданат нолаи асарнок аст,
Чу шамъ ҳосили гарданкашӣ шарарнок аст,
«Сафар зи кӯи худӣ кун, ки пур хатарнок аст,
Дар ин диёри хароб орамидан осон нест».
Касе, ки бастаи занҷири хона шуд дар хок,
Ба тири шасти маломат нишона шуд дар хок,
Фаришта буд, дар ин остона шуд дар хок,
«Чу мурғи рӯҳ гирифтори дона шуд дар хок,
Зи шохсори маъонӣ паридан осон нест».
Дар ин ситамкада онро, ки дар бадан ҷон аст,
Барои сад дирамак рӯзу шаб парешон аст,
Зи эҳтиёҷ бурун нест, гарчи Хоқон аст.
«Ба мӯр уфтадаш кор, гар Сулаймон аст,
Тамаъ зи ёрии халқон буридан осон нест».
Маҷӯ зи тирадилон гуфтугӯи аҳли сафо,
Ба гӯши занг чӣ хонӣ ҳадиси оинаро?
Саробро чӣ хабар аз ҳақиқати дарё?
«Фаност, он ки надонад сухан зи ҳоли фано,
Ба ин маротиби олӣ расидан осон нест».
Далели роҳат агар оҳи пуршарар набувад,
Чароғи ин шаби торик чашми тар набувад.
Аз он манозили мақсад, Парӣ, асар набувад,
«Рафиқи ҳамсафаре ҳамчу Хизр агар набувад,
Ба кӯи дӯст, Зуҳурӣ, расидан осон нест».