МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ БЕДИЛ
Бад-ин хубӣ агар ҳусни ту бардорад ниқобашро,
Киро тоқат, ки бинад офтоби беҳиҷобашро?
Таҳайюрмисрае дорам, чӣ мегӯӣ ҷавобашро,
«Лаби ҷӯе, ки аз акси ту парвардаст обашро,
Нафас дар ҳайрати оина меболад ҳубобашро».
На дар васфи қади ӯ сарву тӯбо достон дорад,
Гули ин боғ дар мадҳи равоҳаш сад забон дорад,
Дили ғамгинпарастам беқарориҳо аз он дорад,
«Хиромаш мисраи шӯхе рамидан дар миён дорад,
Нахоҳам гар зи худ рафтан, кӣ мегӯяд ҷавобашро?»
Надорад аз тағофул ҳеҷ гаҳ чашмат пушаймонӣ,
Намеояд зи оини фаранг кеши мусулмонӣ,
Биё, баҳри Худо, бахшой мӯреро сулаймонӣ.
«Нигоҳам бе ту чун оина шуд помоли ҳайронӣ,
Бад-ин сарчашма раҳме кун, ки мавҷе нест обашро».
Дар он саҳро, ки ваҳшат рехтанд аз ғамзаи Лайло,
Рамидан гашт дар чашми ғизолон сурмаи Лайло,
Чӣ мепурсӣ дигар аз дастгоҳу рутбаи Лайло,
«Баландӣ он қадар болидааст аз хаймаи Лайло,
Ки натвонад кашидан нолаи Маҷнун танобашро».
Дар ин маҳфил зи бас камфурсатӣ дар мезанад, Бедил,
Зи ҳастӣ то адам як давр соғар мезанад, Бедил,
Парӣ ҳам аз шикасти ранг сар бармезанад, Бедил,
«Дар он водӣ, ки аз худ рафтанам сар мезанад Бедил,
Шарар арзи хироми санг медонад шитобашро».