Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ БЕДИЛ

Кас нашуд огоҳ, к-аз сарҷӯши саҳбои Парӣ Нашъа пур соф аст чун саргарми савдои Парӣ, Аз нигоҳат кист, дарёбад тамошои Парӣ, «Эй кушоду басти мижгонат муаммои парӣ, Ҷом дар даст аст, аз чашми ту минои парӣ». Пуршуданҳоят, чу маҳ машқи ҳилолӣ карданист, Сайри ин гулзор аз холе ба холе карданист, То ба кай фикри муҳоли безаволӣ карданист, «К-охир оғӯши хаёл аз хеш холӣ карданист, Шишае дорӣ, ду рӯзе гарм кун ҷоми парӣ». Эй ҳавас, оина бе тимсоли оҳ омода аст, Ҷилваи беранг аз қайди нигоҳ озода аст. Ҷоми ваҳдат фориғ аз андешаи ҳар бода аст, «Коргоҳи ҳусни таҳқиқ аз такаллуф сода аст, Ҳастии бенақш мебофанд дебои парӣ». Сурма то чашми сиёҳат фарқ натвон ёфтан, Ҷилва то рухсори моҳат фарқ натвон ёфтан, Қаҳру лутфи гоҳ-гоҳат фарқ натвон ёфтан, «Аз тағофул то нигоҳат фарқ натвон ёфтан, Як чунун мепарварад пинҳону пайдои парӣ». Эмин аз доми фиреби чархи беҳосил мабош! Бехабар аз фитнаи даврони сангиндил мабош! Чун Парӣ зиндонии минои ин маҳфил мабош! «Бедил, аз осори найранги фалак ғофил мабош! Вазъи ин нӯҳ ҳалқа халхол аст дар пои парӣ».