Зиҳӣ рӯят, к-аз ӯ шуд рутбаи пайғамбарӣ пайдо,
Зиҳӣ рӯят, к-аз ӯ шуд рутбаи пайғамбарӣ пайдо,
Вуҷудаш ашрафи авлоди Одам Хоҷаи Ато, (?)
Кашидаш ҷазбаи ҳақ аз замин то олами боло,
«Ниҳодӣ аз далерӣ қурби субҳон аз-зуҳо ясро,
Шаби мероҷ бар фарқи ҳумоюнтоҷи авадно».
Лаби мӯъҷизкаломаш хилвати рози Масеҳо шуд,
Нафас аз лаъли ӯ оинапардози Масеҳо шуд,
Дамашро файзи оме буду дамсози Масеҳо шуд,
«Натанҳо аз лабаш ҷоне ба эъҷози Масеҳо шуд,
Сулаймон ёфт аз ӯ хотам чу Мӯсо, ки яди базо».
Ҷаҳоне доштам чашме ба роҳи омаданҳояш,
Ки то дар бурҷи иқболе битобад меҳри симояш,
Замин то осмони арш холӣ кардаанд ҷояш,
«Маконҳо доштанд хамёзаи субҳи таманнояш,
Ки омад Машриқи хуршеди зоташ зарбаи бутҳо».
Куҷо буд олами ғайби шаҳодат бе ҳузури ӯ,
Замину осмони ҷаннати ҳуру қусури ӯ?
Набуд овозаи мулки малик пеш аз ҳузури ӯ,
«Ду олам ёфт ташрифи вуҷуд аз файзи нури ӯ,
Китоби офаринишро будӣ бисмиллаҳи туғро».
Забонҳо гар гуҳарборӣ кунад чун абри найсонӣ,
Набошад лоиқи наъташ зи алфози мусулмонӣ,
Парӣ дорад ба он хуршеди тобонзарра ҷавлоне,
«Туро дидам шабе дар дохили майхона пинҳонӣ,
Ки шуд аз файзи наъташ пояи арши сухан боло».