ТАЪРИХИ САРОИ ҲИСОР
Ба қасри ҷоҳу давлат то қиёмат
Хидев Абдулкаримбӣ-додхо бод,
К-аз иқболи баландаш ёфт таъмир
Чунин олисарое хуррамобод.
Дари итмом з-ӯ гардид кӯтоҳ,
Чу аз домони кораш дасти устод.
Дабири хурдадони покандеш,
Чунин дар соли анҷомаш рақам дод,
Гузашт аз авҷи торум, гуфт таърих:
«Имороти рафеъи сангбунёд».