ТАЪРИХИ БИНОИ ИМОРАТ
Ин бинои зарнигору қасри давлат тавъамон
Ёфт тарҳи зебу зайн аз хусрави фархундаҷоҳ.
Дӯстонро ҳамчу коху қасри ҷаннат дилкушо,
Душманонро мили чашму сели бунёди нигоҳ.
Он чӣ буд дар килки наққоши азал боқӣ зи хулд
Аз рақам бар авҷи ин кошонаи давлатпаноҳ.
Нусхаи айвонаш аз беҳзодии килки қазо
Рӯз боби меҳр дорад, шаб фурӯғи шамъу моҳ.
Баски шоҳи динпаноҳ ин қасри давлат кард тарҳ,
«Қасри давлат» шуд аз ин таърихи «шоҳи динпаноҳ».