ТАЪРИХИ САРОЙ
Аё боргоҳи Абдулкарим – он волии давлат (?)
Ки бодо то қиёмат бодаи иқбол дар ҷомаш.
Бинои тоза ар ҷо аз натоҷи бикри фикри ӯ
Карамро дастгоҳи рафъату нақши нигин номаш.
Сарое сохт чун ҳиммат баландовозаву олӣ,
Ба фарқи осмон шуд сояпарвар рафъати бомаш.
Чунин олӣ биное кӯҳпайкар Бесутунеро,
Ду сол омад чу май кайфияти оғозу анҷомаш.
Ба таърихаш зи хишти ин бино з-он байт меҷӯшад:
Хирад бедурд аз саҳбо, рақам «соғар» дар итмомаш.