Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

ЗАФАРНОМА

Биё, эй дабири ҳикояттароз, Ҷаҳони куҳанро сухан тоза соз. Ба имдоди гавҳарфишон хомае Рақам деҳ яке дилпазир номае. Ки бошад писанде ба гӯяндагон, «Зафарнома» хонанд хонандагон. Ба даврони ҳар хусрави номвар Рақам шуд басе қиссаи номвар. Чи дар аҳди ҳар шоҳи сарафсаре Чу Фирдавсӣ будӣ забоноваре. Ки то номи шоҳони офоқгир Ба мӯҳри забонҳои барнову пир. Бимонад, к-аз эшон басе рӯзгор, Зи меҳтар ба кеҳтар бувад ёдгор. Парӣ ҳам дар ин пеша дорад саре, Ки орад зи баҳри хирад гавҳаре. Чӣ дафтар «Зафарнома»-и пур зи фан Ба номи валинеъмати хештан. Нигорад ба имдоди табъи салим Ба парвоначӣ бийи Абдулкарим. Шаҳи покгавҳар муқаддассифот, Зи бурҷи сиёдат чу хуршеди зот. Амиру саросар ҷаҳон баргирифт, Аз ин баргирифтан наёмад шигифт. Амонатпаноҳ асту вологуҳар, Муҳаммад Саидбий атолиқ падар. Зиҳӣ давлату хусрави покдин, Падар то падар ёфт тоҷу нигин. Зи табъияти подшоҳи Бухор Задӣ гӯӣ давлат ба мулки Ҳисор. Сари ҳар кӣ дар хатти фармони ӯст, Муайян ба шердилӣ эҳсони ӯст (?). Зи ислом бозу кунад ҳар кӣ зӯр, Сулаймони аср асту аъдош мӯр. Чу хоқони ислом зилли Худост, Ҳамоне, ки ӯ зилли зилли Худост (?). Шунидам, ки шоҳе зи дарвозиён Бурун тофт аз роҳи обо инон.