Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абубакри Абдурасул
Абубакри Абдурасул

Эй Сорбон

Эй сорбон, оҳиста рон, рафти ту ҷонам меравад, Он шаб, ки туро бурданд, бо рафтанат ҷаҳонам меравад. Бингар, ҳама гирён шуданд бо рафтани ту аз замин, Хуш гашт он осмон, дид, ки равонам меравад. Бас дард акнун, аз дурӣ боз ор Ҳабибамро, эй Худо, Ту худ донӣ ҳоли ман, бин, ки ошиёнам меравад. Субҳ шуд, лек дар чашми ман то ҳол торик аст ҷаҳон, Гар як нафас бе ӯ кашам, гӯё ки ҷонам меравад. Сад бор гуфтам, Холиқам, тоқат надорам як даме, Охир чаро бурдӣ зи ман? Охир мадорам меравад. Он шаб, ки рафт, то ҳол даме гӯё ки хоб аст дар хаёл, Бингар охир ҳоли ман, тобу тавонам меравад. Тоқат надорам, Абубакр, аз фироқаш месӯзад ҷон, Бингар охир ҳоли ман, ин ҷон зи ҷонам меравад. АБУБАКРИ АБДУРАСУЛ
Эй Сорбон | Шоирон