Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абубакри Абдурасул
Абубакри Абдурасул

Тақдири шӯр

Тақдири шӯр Рафтанатро ман нахостам, лек афсус, чун нашуд, Гиряашро ман нахостам, лек афсус, чун нашуд. Сад дареғо, қалби пурдарду алам аз ҳасрат бисӯхт, Рафтанатро ман нахостам, лек қалбам чун бисӯхт. Вой, ин тақдири шӯр, бубин чӣҳо кард бо дилам, Рафтӣ, шабҳо то саҳар нолон ҳар дам ин дилам. Сад дареғо, номи ту ҳар дам забонам лол кард, Гар нагуям то абад, ин дард шикасту пора кард. Ёди он шабҳо диламро пора-пора мекунад, Ту нигар, акнун ин ғам бо ман чӣҳо мекунад. Ин дилам акнун бароям хонаи ғамҳо бишуд, То куҷо охир надонам, дарди дилҳо бас нашуд. То саҳар бо ёди ту чашмам ба хобҳо ғарқ нашуд, Бе ту ин қалби шикаста як нафас ором нашуд. Ман туро ҳаргиз фаромӯш карда натавонам, вале, Гӯё баъди рафтани ту ин дилам хонаи ғам шуд. АБУБАКРИ АБДУРАСУЛ