Муаллим
Муаллим
Муаллим, эй чароғи роҳи фардо,
Туӣ сарчашмаи илму таманно.
Ба ҳар дил тухми дониш мекорӣ,
Кушоӣ дар ба сӯи нуру маъно.
Қалам дар дасти ту шамъи ҳидоят,
Суханҳоят пур аз меҳру садоқат.
Ту созӣ аз кӯдак инсони комил,
Ба ахлоқу ба дониш, бо муҳаббат.
Худоё, умри ӯро ҷовидон дор,
Дилашро пур зи шодӣ ҳар замон дор.
Муаллим, қадри ту волотар аз ганҷ,
Туро ҳамеша дар паноҳи Раҳмон дор.
Муаллиф:
АБУБАКРИ АБДУРАСУЛ