Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳар касе, ки хоҳӣ бош, кори ман қазоват нест,
Ҳар касе, ки хоҳӣ бош, кори ман қазоват нест, Офтоб ё хаффош, кори ман қазоват нест. Остин бияфшондам бар ҳубуту меъроҷат, Маҳравӣ ва ё фаррош, кори ман қазоват
Дилам як вақтҳо дурҷи муҳаббат буд, акнун нест,
Дилам як вақтҳо дурҷи муҳаббат буд, акнун нест, Ду чашмам бо ду чашмат ҳамтариқат буд, акнун нест. Дар он талхии васловаслу ширинии ҳаҷроҳаҷр Дили ман бо дили т
Бо чунин дил, ба Худо, зистанам душвор аст,
Бо чунин дил, ба Худо, зистанам душвор аст, Чунки дар ҳар тапишаш зеру бами бисёр аст. Вақт бо зарбаи фурсатшиканаш мегӯяд, Фурсати хомӯшият нест, дами изҳор ас
Медонам, ин ки зистаам сахт нодуруст,
Медонам, ин ки зистаам сахт нодуруст, Чобукнамои коҳилу коҳилнамои чуст. Тақ–тақ задам ба сад дари сурхеву во нашуд, Тақ-тақ задам ба шашдара дар орзуи дӯст.
Ба номи гул, ба нишонии боғ нома фирист,
Ба номи гул, ба нишонии боғ нома фирист, Зи чашми сабз ба чашми сияҳ чакома фирист. Агар суроғаи қалби маро намедонӣ, Хате ба ҷониби гардуни нӯҳамома фирист.
Биёмад сабо, хоби булбул шикаст,
Биёмад сабо, хоби булбул шикаст, Зи хамёзае рӯзаи гул шикаст. Ба соқи афифи бунафша расид, Адаб пушти по зад, таомул шикаст.
Шеъри ман гоҳвори ишқи шумост,
Шеъри ман гоҳвори ишқи шумост, Кӯдаки чашмчори ишқи шумост. Соз такрору сӯз нотакрор, Пайрави тозакори ишқи шумост.
Дар ин қарне, ки бе Маҷнуну Лайлост,
Дар ин қарне, ки бе Маҷнуну Лайлост, Ҳама офоқ маҷнунхонаи мост. Сухан аз бастагии роҳи фикр аст, На аз занҷиру аз завлонаи пост.
Дар чортоқи боло хуршед мисли Занд аст
Дар чортоқи боло хуршед мисли Занд аст Тоқе, ки себ мондам, аз нӯҳ фалак баланд аст. Он сӯи хотири ман - дар ҷаннати ҷавонӣ Субҳи кушоди ғунча, шоми ситорабанд
Хона рӯбем, ки ид омадааст,
Хона рӯбем, ки ид омадааст, Иди фархунданавид омадааст. Сабр ҳал кард ҳама масъаларо, Ба дари баста калид омадааст.
Борҳо гавҳардиле дидам, ки хаспироҳан аст,
Борҳо гавҳардиле дидам, ки хаспироҳан аст, Покии дарё бубин, ҳарчанд ӯ тардоман аст. Дӯсттар аз ту маро, эй беназира, дӯст нест, Хасмтар аз ман намедонам, маро
Эй ки вуҷудат чу дурр дар садафи олам аст,
Эй ки вуҷудат чу дурр дар садафи олам аст, Бош, ки аз буданат будани мо хуррам аст. Гом бинеҳ раҳ ба раҳ, то гули сурӣ дамад, Варна ин офоқ чист? Шашдараи мотам
Як шакарханда бомдод фирист,
Як шакарханда бомдод фирист, Ба тилисмоти мо кушод фирист. Сура-сура саодат эҳдо кун, Оя-оя хату савод фирист.
Сабадшохи дарахтон тӯр-тӯрист,
Сабадшохи дарахтон тӯр-тӯрист, Шафақ дар рӯи он нони танӯрист. Зари сурхе, ки аз мо даррабудӣ, Туро нолозиму моро зарурист.
Баҳор мазҳари эъҷозҳои раббонист,
Баҳор мазҳари эъҷозҳои раббонист, Чаман бадеътарин «Жанг»-и ҳазрати Монист. Баҳор, барги гулатро бигиру нохун зан, Ки дар бирешими ҷонам навои найсонист.
Гардун, ки дод фурсати некинисорият,
Гардун, ки дод фурсати некинисорият, Дорад кунун назораи фурсатшуморият. Умрат хуҷаста бод, ки некӣ ниҳодааст, Мӯҳри абад ба рӯзу шабони фирорият.
Саҳар, бигӯ, ки чаро сурх шуд баногӯшат,
Саҳар, бигӯ, ки чаро сурх шуд баногӯшат, Ба толеи ту, ки хуршед шуд ҳамоғӯшат. Нишоти ёсумании баҳор мебахшад Таровати нафаси кӯчаҳои гулпӯшат.
Дилам зи партави дури ту орзузор аст,
Дилам зи партави дури ту орзузор аст, Нигоҳи ту нигаҳи офтоб бар ғор аст. Чӣ шодком шавад ғори офтобоғӯш, Ки умрҳо ба шуъои навозише зор аст.
Ӯст феҳрасту сарҷаридаи илм,
Ӯст феҳрасту сарҷаридаи илм, Ӯст бунёди ҷуду мояи ҳилм. Саноӣ Диле овар, ки чун дарё булӯрист,
Мо залилему мӯҳташам ишқ аст,
Мо залилему мӯҳташам ишқ аст, Мо равонему муғтанам ишқ аст. Дар ҷабини ману ҷабини ту Он чӣ шуд аз азал рақам, ишқ аст.
Дили ман чоркитоби ишқ аст,
Дили ман чоркитоби ишқ аст, Хоку бод, оташу оби ишқ аст. Дили ман рутбаи аршӣ дорад, Моҳу хуршеду саҳоби ишқ аст.
Боре маро ба фасли ҷавонии ман фирист,
Боре маро ба фасли ҷавонии ман фирист, Бар ҳафт шаҳри тирукамонии ман фирист. Дил чашмдори барқияи шодбоди туст, Яъне баҳорро ба нишонии ман фирист.
Дило, муносибатат бо баҳор қонунист,
Дило, муносибатат бо баҳор қонунист, Чу савти об, ки дар ҷӯйбор қонунист. Ба хоҳиши дили мо чист посухи боло, Тамоми хоҳиши Парвардагор қонунист.
Булбул, ки кард ҳиҷрат, гул ноздонаи кист,
Булбул, ки кард ҳиҷрат, гул ноздонаи кист, Булбул забонбурида, савсан забонаи кист. Дар нӯҳ фалак садо зад фарёди беҷавобам, К-он ошнои рафта дар ошёнаи кист.
Бар наҷоти ман садоятро фирист,
Бар наҷоти ман садоятро фирист, Ҷазбаи одамрабоятро фирист. Раҳ кушо бар гумраҳони бечароғ, Кавкаби фардонамоятро фирист.