Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Дили дунё зи тапиш монд: Муҳаббат ҷон дод,

👁 1

Дили дунё зи тапиш монд: Муҳаббат ҷон дод, Он қадар сер шуд аз хеш, ки ҷон осон дод. Омад ин давраи атомиву компутерӣ Омаду фалсафаи ишқи маро поён дод.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ғамат бо ғами ман ҳамфарёд,

👁 1

Эй ғамат бо ғами ман ҳамфарёд, Ёд кун, рафтаи зеборо, ёд. Зарбаҳо хӯрдаиву хомӯшӣ, Зарба нохӯрдаву мегӯям дод.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

То ишқ зияд, зиянд эшон,

👁 1

То ишқ зияд, зиянд эшон, То ёд бувад, ҳама ба ёдем. Мавлоно Эй н-омадаи хуҷастамилод,

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Як дона куфр хирмани имон ба бод дод,

👁 0

Як дона куфр хирмани имон ба бод дод, Бар Одами фирефта шайтон чӣ ёд дод. Дерест дар муҳосираи зулмати худам, Зангор омад, оинаро кард бесавод.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Соҳибтариқате ба муридон мурод дод,

👁 1

Соҳибтариқате ба муридон мурод дод, Фархундафитрате ба чигилҳо кушод дод. Дар ғафлати дуқарнаи мо офтоб рехт, Бар шабравони субҳталаб бомдод дод.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Паёми дури туам партави ҳимоят бод,

👁 1

Паёми дури туам партави ҳимоят бод, Дили маро дили ту муршиди ҳидоят бод. Ба шодбодии милод ҳукми афв барор, Агар зи мост ҷиноят, туро иноят бод.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй дили субҳошно, савганд хур бо ҷони субҳ,

👁 3

Эй дили субҳошно, савганд хур бо ҷони субҳ, Ҳамтариқат бош бо хуршеду ҳамирфони субҳ. Даст пеш овард аз баҳри саломат офтоб, Даст деҳ бар дасти ӯ, мебош ҳампайм

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй залил аз дӯшбори эҳтиёҷ,

👁 1

Эй залил аз дӯшбори эҳтиёҷ, Эҳтиёҷ афкан, ки ёбӣ тахту тоҷ. Субҳро бину шуъои шамсро- Ин тилои сурхро дар дурҷи оҷ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ба ёди устод Абдулманнони Насриддин

👁 0

Ба ёди устод Абдулманнони Насриддин Рафтиву офтоб дигар офтоб нест, Яъне фақат шаб асту касе роҳёб нест. Иршодбахши ҷумлаи риндону зоҳидон

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Тапиши дил ба ҳурмати ёр аст,

👁 1

Тапиши дил ба ҳурмати ёр аст, Варна ин созу нағма такрор аст. Гул, ки бе об монд, мемирад, Хор бе об ҳам ҳамон хор аст.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳи гулбаста гавҳарогин аст

👁 2

Субҳи гулбаста гавҳарогин аст Пушти сина анори Ёсин аст. Чист Наврӯз? Ассаломи себарг, Ваалайкум саломи насрин аст.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқи ту замимаи ғами мост,

👁 1

Ишқи ту замимаи ғами мост, Як хотираи мукаррами мост. Нашнидани ин шамими қудсӣ Бо айби димоғи маҳками мост.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дило, бас кун андӯҳи обоният,

👁 1

Дило, бас кун андӯҳи обоният, Барандоз хулқи зимистоният. Бишав дар замин ноиби офтоб, Ба фарру фурӯғу фурӯзоният.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шӯҳрат, ки ҳар сари қадамам банди нонамост,

👁 2

Шӯҳрат, ки ҳар сари қадамам банди нонамост, Озодиям бидеҳ, ки ин озодӣ инзивост. Шерозаи сиёҳ зи тӯҳмат танад рақиб Бар домани шафақ, ки дар авранги кибриёст.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Таҳният ё таъзият гӯ, ишқ омад, ишқ рафт,

👁 1

Таҳният ё таъзият гӯ, ишқ омад, ишқ рафт, Армуғон аз боғи минӯ, ишқ омад, ишқ рафт. Сад сабад гул ҳадя кард урдибиҳиштизодае, Бебақотар аз гули ӯ ишқ омад, ишқ

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шабехун зан бад-он чашми сияҳмаст,

👁 1

Шабехун зан бад-он чашми сияҳмаст, Ки аз номи фаришта мекашам даст. Хушо оҳе, ки бо оҳи ту омехт, Хушо роҳе, ки бо роҳи ту пайваст.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ёр вомондаи хеш асту зи ман ёдаш нест,

👁 1

Ёр вомондаи хеш асту зи ман ёдаш нест, Халале рӯ зада, к-он сӯҳбати озодаш нест. Чашми хуршедиаш аз даври қамар абрӣ шуд, Чашм бар чашми ман асту нигаҳи шодаш н

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Рӯзи милоди муҳаббат рӯзи милоди Худост,

👁 0

Рӯзи милоди муҳаббат рӯзи милоди Худост, Меравам ман, зери поям нардбони кибриёст. Дар сабоҳи дафтари ман ин тулӯъи вожа чист? Ишқ - хушбахтии баргаштан ба сӯи

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй чароғи раҳнавардон ахтарат,

👁 1

Эй чароғи раҳнавардон ахтарат, Митро шуд посбони пайкарат. Эй паранди нури хуршед абраат, Парниёни субҳгоҳӣ астарат.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳамчун малак парро кушо, парвози боло хоҳамат,

👁 0

Ҳамчун малак парро кушо, парвози боло хоҳамат, Аз ҳар чӣ зебо бинамат в-аз ҳар кӣ боло хоҳамат. Бетобу бетаб гаштаӣ, маҳбуси қолаб гаштаӣ, Боре лаболаб гаштаӣ?!

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Овоза шуд ба шаҳр, ки дарё дамидааст,

👁 1

Овоза шуд ба шаҳр, ки дарё дамидааст, Сарҳӯву побараҳна зи ҳар ҷо дамидааст. Пулро шикастаасту раҳи халқ бастааст, Ин пошикаста то ба куҷоҳо дамидааст.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар хонаи чашми ман ҷуз ашк муқиме нест,

👁 1

Дар хонаи чашми ман ҷуз ашк муқиме нест, Дар гӯшаи лабҳоям ҷуз оҳ насиме нест. Боло нигарӣ фанд аст, поён нигарӣ, фисқ аст, Аз дӯзахи он дунё касро ғаму биме не

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳар касе, ки хоҳӣ бош, кори ман қазоват нест,

👁 1

Ҳар касе, ки хоҳӣ бош, кори ман қазоват нест, Офтоб ё хаффош, кори ман қазоват нест. Остин бияфшондам бар ҳубуту меъроҷат, Маҳравӣ ва ё фаррош, кори ман қазоват

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дилам як вақтҳо дурҷи муҳаббат буд, акнун нест,

👁 1

Дилам як вақтҳо дурҷи муҳаббат буд, акнун нест, Ду чашмам бо ду чашмат ҳамтариқат буд, акнун нест. Дар он талхии васловаслу ширинии ҳаҷроҳаҷр Дили ман бо дили т

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бо чунин дил, ба Худо, зистанам душвор аст,

👁 1

Бо чунин дил, ба Худо, зистанам душвор аст, Чунки дар ҳар тапишаш зеру бами бисёр аст. Вақт бо зарбаи фурсатшиканаш мегӯяд, Фурсати хомӯшият нест, дами изҳор ас

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ
Саҳифаи 65 аз 96