Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Тарона хостӣ аз ман, тарона охир шуд,

👁 4

Тарона хостӣ аз ман, тарона охир шуд, Барои тоза сурудан баҳона охир шуд. Чу дод хусрави урдибиҳишт истеъфо, Тахайюлоти сапеди ҷавона охир шуд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

То аз вуҷуди сабзи ту пайғом мерасад,

👁 5

То аз вуҷуди сабзи ту пайғом мерасад, Барномаи баҳор ба анҷом мерасад. Беишқ будан аст, дигар ҳеч, ҳеч, ҳеч, Гарде, ки бар фариштаи бадном мерасад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бар хок, ба гул, ба хор савганд,

👁 9

Бар хок, ба гул, ба хор савганд, Бар панҷу шашу чаҳор савганд. Бар сиву се мӯҳраи дурахшон Бо номи азизи ёр савганд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй саҳар, рух кушо, ҳиҷоб мабанд,

👁 7

Эй саҳар, рух кушо, ҳиҷоб мабанд, Рӯсарие ҷуз офтоб мабанд. Дари ин меҳмонсароятро Лутф кун, бо чунин шитоб мабанд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аввали баҳор омад, фасли яъс поён шуд,

👁 8

Аввали баҳор омад, фасли яъс поён шуд, Яъсро гузор, эй дил, ёс атргардон шуд. Офтоби зардуштӣ берун омад аз ғоре, Чиллашини дарбаста дар миёни майдон шуд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Булбули фархунданафир

👁 11

Булбули фархунданафир Ба устод Ҷӯрабеки Мурод То садои ту дар ин шаҳр шакарафшон шуд, Тӯтиёнро хабар омад, ки шакар арзон шуд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ғуруб омаду хуршед сактаи дил шуд,

👁 5

Ғуруб омаду хуршед сактаи дил шуд, Зи ҳамнишинии Исо варо чӣ ҳосил шуд. На офтоб бувад, он чӣ шаш ҷиҳат афрӯхт, Диле чу себ зи боғи биҳишт нозил шуд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дил номаи чаҳорқади нокушода монд

👁 4

Дил номаи чаҳорқади нокушода монд Бар номи он касе, ки зи модар назода монд. Дар раста - растаи мижаам хуфт таҳ ба таҳ Он баста - баста меҳр, ки беистифода монд

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Он сӯи баҳор ғунчае танҳо монд,

👁 5

Он сӯи баҳор ғунчае танҳо монд, Дар соиди ҷӯ шамимаи наъно монд. Дар ҳошияи баҳорҳо, эй гули сурх, Ҳастии ману ту сахт бемаъно монд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Раву баргард, дилу ҷон, баргард,

👁 9

Раву баргард, дилу ҷон, баргард, Ба ҳарамхонаи пинҳон баргард. Чандпарда-ст намоишгаҳи умр, Эй зи сад парда намоён, баргард.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Осмон дар чашми ман чун мармари гӯр аст сард,

👁 6

Осмон дар чашми ман чун мармари гӯр аст сард, Як кабӯтар мекунад қум-қум зи боми лоҷвард. Бе ту рафтам, бе ту рафтан чист, тафсире биёр В-ин давоми роҳро ҳам бе

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ту амон медиҳӣ, вале то чанд,

👁 5

Ту амон медиҳӣ, вале то чанд, Хуш замон медиҳӣ, вале то чанд. Ба шаболудагони субҳсуроғ Раҳ нишон медиҳӣ, вале то чанд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ёдаш ба хайр он, ки маро ёд мекунад,

👁 7

Ёдаш ба хайр он, ки маро ёд мекунад, Чашмаш чакомаҳои тар эҷод мекунад. Дил фол мезанад, ки касе дӯстдори ӯст, Худро ба ин дурӯғи абас шод мекунад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳолиё офоқ аз будат тағофул мекунад,

👁 8

Ҳолиё офоқ аз будат тағофул мекунад, Бе ту буданро чӣ сон фардо таҳаммул мекунад?! Лолаи дилро ба ман бахшо, ки чун менозамаш, Лолаи хуршед мегардад, таҷаммул м

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Саҳми дуои кист, ки дил кор мекунад,

👁 9

Саҳми дуои кист, ки дил кор мекунад, Бо ҳар тапиш ба ишқи кӣ иқрор мекунад. Тифл аст, тифлу хаставу пирона метапад, Пир аст, пиру шӯхии бисёр мекунад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Гул ба шабнам ҷомашӯӣ мекунад,

👁 8

Гул ба шабнам ҷомашӯӣ мекунад, Ҷилд-ҷилдаш нозбӯӣ мекунад. Бори дигар баъди барфобарфи дай Осмон хуршедрӯӣ мекунад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ғам ҳар чӣ хост, бо мани таслим мекунад,

👁 4

Ғам ҳар чӣ хост, бо мани таслим мекунад, Аз шери мурда зоғ куҷо бим мекунад. Себе, ки зери шонаи чап кардаам ниҳон, Бо теғи нонамой ду тақсим мекунад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқи ту бо ҳамин агар қисса тамом мекунад,

👁 4

Ишқи ту бо ҳамин агар қисса тамом мекунад, Зиндагии бадеи ман боз давом мекунад. Боз давом мекунад дар паси панҷара баҳор, Шаъшааи сиришти ман фатҳи зулом мекун

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дер шуд, дил дигар чӣ мегӯяд,

👁 9

Дер шуд, дил дигар чӣ мегӯяд, Роҳ тай шуд, дигар чӣ мепӯяд. Гум шуду ёб шуд таманнояш, Боз гум шуд, дигар чӣ меҷӯяд.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Навбаҳори атласпӯш рафту барнамегардад,

👁 4

Навбаҳори атласпӯш рафту барнамегардад, Субҳу шоми шабнамнӯш рафту барнамегардад. Нағмаи баҳоринат, ларзаҳои поринат, Эй дил, эй дили хомӯш, рафту барнамегардад

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Барои устод ва бародари бузургам Ориёнфар

👁 13

Барои устод ва бародари бузургам Ориёнфар Ҷарас лабрези афғон шуд, Аҷам бедор мегардад, Зи ҳар лаб бонги исён шуд, Аҷам бедор мегардад. Дар ин хомӯшии мурда паё

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Охир чаро бимирам, мурдан намегурезад,

👁 5

Охир чаро бимирам, мурдан намегурезад, Бо он ки сахт пирам, мурдан намегурезад. Бо он ки кӯҳна гаштам, ман одами пагоҳам В-ар одами парерам, мурдан намегурезад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чӣ нагзашт бар ман, ки ин нагзарад,

👁 7

Чӣ нагзашт бар ман, ки ин нагзарад, Ба як гашти чархи барин нагзарад. Макун лутфи козиб, ки ин сохта Ба ҷои гули коғазин нагзарад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бори дигар гул ба гул кобин шавад,

👁 7

Бори дигар гул ба гул кобин шавад, Осмон минқори шабнамчин шавад. Субҳи боодоб ҳам шобошгӯ Дам ба дам бар атсаи насрин шавад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Сини саломи кист, ки дайсӯз мешавад,

👁 5

Сини саломи кист, ки дайсӯз мешавад, Шини шуъои кӣ шафақафрӯз мешавад. Эй мояи ҷавонии дунё, бидуни ту Нӯҳ пушти гандапири фалак кӯз мешавад.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ
Саҳифаи 64 аз 96