Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бачагӣ таъми хуши қанди хурӯсак дорад,
Бачагӣ таъми хуши қанди хурӯсак дорад, Мӯи чилкокулаш овезаи пӯпак дорад. Бачагӣ чист, ки аз рахнаи сақфаш хуршед Сабз дар сабз наво дораду чак-чак дорад.
Соат дувоздаҳ шуду соли дигар расид,
Соат дувоздаҳ шуду соли дигар расид, Овози мушакони тило то қамар расид. Аз таркиши гулӯлаи тифлон самои пир Як қад париду нолиши ӯ бештар расид.
Бас аст ҷилваи беҳуда, кор бояд кард,
Бас аст ҷилваи беҳуда, кор бояд кард, Ба зиндагӣ нигаҳи нав нисор бояд кард. Чу ёдгораи осорхона кӯҳна шудам, Ба рағми кӯҳна шудан ибтикор бояд кард.
Бар рӯҳи ман, эй шубоб, баргард,
Бар рӯҳи ман, эй шубоб, баргард, Бар кӯҳи ман, эй уқоб, баргард. Бар панҷараҳои ховариям Баргард, ай офтоб, баргард.
Булӯри ёд
Булӯри ёд Ба ёди Муҳиддин Олимпур Куҷост чашми ту, то волаи баҳор шавад, Нигоҳи барқрават тасмаи навор шавад.
Чашмро ғунча накун, дашту даман меранҷад,
Чашмро ғунча накун, дашту даман меранҷад, Боз кун ғунчаи дилро, ки чаман меранҷад. Ваъда додам, ки дигар хортабиат нашавам, Варна аз ман дили садбаргу суман мер
Ба наҷоти ту, илоҳо, малаке расида бошад,
Ба наҷоти ту, илоҳо, малаке расида бошад, Саҳаре, ки нав дамида, ба ту ҳам дамида бошад. Шафақи ҳазордастон зи фарози боғу бӯстон Нахи зарпаранди худро ба раҳат
Он чашмаи кӯҳистон оиназамир омад,
Он чашмаи кӯҳистон оиназамир омад, Он чашматарин инсон хуршедназир омад. Сад тира кунад шубҳа бар асли булӯринаш, Сад хира сияҳ бинад ӯро, ки мунир омад.
Бовар бикун, ки субҳ дигарбора медамад,
Бовар бикун, ки субҳ дигарбора медамад, Мижгони офтоб ба рӯи ту мехамад. Бовар бикун, ки фасли нави нағма мерасад, Гул боз дар баҳоргаҳи тоза мечамад.
Бархез, дил, ки фасли муҳаббат тамом шуд,
Бархез, дил, ки фасли муҳаббат тамом шуд, Пар зад кабӯтари саҳару бепаём шуд. Дилро гузашти вақт каме боадаб накард, Ин пири пир баччаи беинтизом шуд.
Худкомагон ба оши ҳарифона мераванд,
Худкомагон ба оши ҳарифона мераванд, Мастони бемаҷоз ба майхона мераванд. Дар ҳар қадам зи худ асари куфр мениҳанд, Боре ба шукри розиқи маннон намераванд.
Ошиқон оинаҷавҳар омаданд,
Ошиқон оинаҷавҳар омаданд, Тозаабра, шустаастар омаданд. Як варақ, к-аз дафтари тақвим рехт, Номҳо дар лавҳи мармар омаданд.
Чу Исо кист раҳпаймои хуршед,
Чу Исо кист раҳпаймои хуршед, Ки бинвозад сари танҳои хуршед. Зи боғи Ҳофиз афлесун рабудам, Ки таъме дошт аз хурмои хуршед.
Биё ба вақти тулӯи шукуфаҳои сафед,
Биё ба вақти тулӯи шукуфаҳои сафед, Ту, эй савори саманди тилоии хуршед. Биё, ки омаданат раҳхате ба зистан аст Барои ин дили бисмил, ки аз ҷаҳон бибурид.
Ҳубутат нозанинтар бошад аз меъроҷ, эй хуршед,
Ҳубутат нозанинтар бошад аз меъроҷ, эй хуршед, Туро, эй номусаххар, дидаи мо кай тавонад дид? Гули хуршедгардонам, ки рӯи ҷонамози субҳ Туро бо чашм кардам ламс
Ҳоло ҳама қиёмати дил беқиём шуд,
Ҳоло ҳама қиёмати дил беқиём шуд, Лабҳои хайргӯ чӣ қадар бесалом шуд. Он дил куҷову чоряки ишқи ӯ куҷо, Дар ними сония тапишаш ихтимом шуд.
Нури ту бар ҷаҳони ман мерасаду намерасад,
Нури ту бар ҷаҳони ман мерасаду намерасад, Бар ҳарами ниҳони ман мерасаду намерасад. Нолаи гармҷӯши дил, валвалаи хамӯши дил То ту, ай осмони ман, мерасаду наме
Зангӯла зад офтоб, хезед,
Зангӯла зад офтоб, хезед, Аз маҳкамаҳои хоб хезед. Урён бишавед, осмонҳо, Аз маҳбаси нӯҳниқоб хезед.
Мутриби обон муноҷоти хазонро менавозад,
Мутриби обон муноҷоти хазонро менавозад, Ин ҷарас савти гузашти корвонро менавозад. Абр ҳам ҳоло бирешим метанад бо суръати тунд, Ин бирешим рафтани умри равонр
Рафтанат чашми маро бар зиндагонӣ боз кард,
Рафтанат чашми маро бар зиндагонӣ боз кард, Ҳар қадар ҳам қиссаро фарҷом дод, оғоз кард. Монд бо ман ёди чашми улвии зебопазир, Ёди чашмоне, ки чашмони маро ово
Дер шудро ҳанӯз хоҳам кард,
Дер шудро ҳанӯз хоҳам кард, Маргро зодрӯз хоҳам кард. То ба кай дар ғубори беамалӣ Маҳви шаб, қатли рӯз хоҳам кард?
Чанд бисмил будан, эй дил, бояд аз нав боз шуд,
Чанд бисмил будан, эй дил, бояд аз нав боз шуд, Чун ту бисмиллоҳ гуфтӣ, хотима оғоз шуд. Пирии мо чист, оғози ҷавонии нав аст, Боядат навҷодаву навсабку фардосо
Тарона хостӣ аз ман, тарона охир шуд,
Тарона хостӣ аз ман, тарона охир шуд, Барои тоза сурудан баҳона охир шуд. Чу дод хусрави урдибиҳишт истеъфо, Тахайюлоти сапеди ҷавона охир шуд.
То аз вуҷуди сабзи ту пайғом мерасад,
То аз вуҷуди сабзи ту пайғом мерасад, Барномаи баҳор ба анҷом мерасад. Беишқ будан аст, дигар ҳеч, ҳеч, ҳеч, Гарде, ки бар фариштаи бадном мерасад.
Бар хок, ба гул, ба хор савганд,
Бар хок, ба гул, ба хор савганд, Бар панҷу шашу чаҳор савганд. Бар сиву се мӯҳраи дурахшон Бо номи азизи ёр савганд.