Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бар рӯҳи ман, эй шубоб, баргард,

Бар рӯҳи ман, эй шубоб, баргард, Бар кӯҳи ман, эй уқоб, баргард. Бар панҷараҳои ховариям Баргард, ай офтоб, баргард. Бар хотираи кабӯтариям Эй субҳи паридахоб, баргард. Эй нӯштарини нӯш, боз о, Эй нобтарини ноб, баргард. Чун ёфт нашуд суроғаи ёр, Эй номаи беҷавоб, баргард. Эй ҳусн, ки бо шитоб рафтӣ, Лутфе куну бо шитоб баргард. Эй ишқ, иҷоза деҳ, ки аз нав Сӯи ту кунам хитоб: Баргард! Аз баҳри ҳама гуноҳ бигзар, Аз баҳри ҳама савоб, баргард!