Булӯри ёд
Булӯри ёд
Ба ёди Муҳиддин Олимпур
Куҷост чашми ту, то волаи баҳор шавад,
Нигоҳи барқрават тасмаи навор шавад.
Варақ- варақ бизанад куллиёти гулҳоро,
Ки нусхагири варақҳои зарнигор шавад.
Чу дурбини ту бинад висоли шабнаму гул,
Дар он дақиқаи ширин нафасшумор шавад.
Дигар барои кӣ анвор метанад хуршед,
Дигар ба чашми кӣ олам карашмазор шавад.
Ту рафтаиву ҳама риштаҳои васл гусаст,
Дигар кӣ ҳаст, ки дилбанди ин диёр шавад.
Дигар кӣ ҳаст, ки маҳмил кашад ба ҷониби мо
Ва ҳам кӣ монд, ки ӯро умедвор шавад.
Агарчи ҳаст биёяндаву пазиранда,
Ту нестиву муҳаббат ғарибу хор шавад.
Даруни зарфи булӯрин, ки ҳадяам кардӣ,
Вуҷуди нозуки гул худ ба худ фигор шавад.
Кунун булӯри само дар сарам шикаст, эй дӯст,
Булӯри ёди ту як пора ёдгор шавад.