Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чашмро ғунча накун, дашту даман меранҷад,

Чашмро ғунча накун, дашту даман меранҷад, Боз кун ғунчаи дилро, ки чаман меранҷад. Ваъда додам, ки дигар хортабиат нашавам, Варна аз ман дили садбаргу суман меранҷад. Омадӣ, афви гунаҳ хостиву бахшидам, Чун набахшам, ки гули себ зи ман меранҷад. Навтарин нағма ба дил дораму натвонам гуфт, Асабонист ин офоқи куҳан, меранҷад. Гарчи борон накунад ҳеч асар дар хора, Алифи рӯҳи ту аз лом задан меранҷад. Ҳурмати ишқи ту лабҳои маро бар ҳам дӯхт, Хомӯшам, хомӯш, агарчанд сухан меранҷад.