Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бас аст ҷилваи беҳуда, кор бояд кард,

Бас аст ҷилваи беҳуда, кор бояд кард, Ба зиндагӣ нигаҳи нав нисор бояд кард. Чу ёдгораи осорхона кӯҳна шудам, Ба рағми кӯҳна шудан ибтикор бояд кард. Мани наҷибтареро, ки ман намедонам, Ба чашмҳои шумо ошкор бояд кард. Агар камон бишавам ҳам, сад офтоберо Зи пушти қуллаи сина шикор бояд кард. Ба зодрӯзи ҳақиқат расидаам ё не, Ҳазор соли дигарро шумор бояд кард. Чу ҷӯй бӯса ба соқи бунафша бояд зад, Парастувона тавофи баҳор бояд кард. Чу чаппа мекунам анбон, бияфтад оҳу фиғон, Зи шукр васла ба ин кӯлбор бояд кард. Агарчи сахт бузургӣ, туро, туро, эй ишқ, Ба дӯши нозуки дил боз бор бояд кард.