Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Соат дувоздаҳ шуду соли дигар расид,

Соат дувоздаҳ шуду соли дигар расид, Овози мушакони тило то қамар расид. Аз таркиши гулӯлаи тифлон самои пир Як қад париду нолиши ӯ бештар расид. Аз хокиён ба ҳуриву нуриву қудсиён Табрикномаҳои басе шӯълавар расид. Дар пеши дар чу баччаи бадмасти хеш дид, Ҳамсоя навҳа кард, ки оши кавар расид. Дар рафту омади абасаш мантиқе наёфт, Ҳар кас, ки чун ману ту ба даҳри дудар расид. Пире ба шодбошии тифлони ин маҳал Бо ҳадяҳои идии шириншакар расид. Бархез, эй дили фалаҷ, инак, расид ишқ, Дил гуфт: дер шуд дигар, инак магар расид. Эй сода, бачагии ману ту гузашту рафт, Кӯтаҳ шуд ин фасонаву ин ҷо ба сар расид. Ногаҳ садои чаҳ-чаҳи тилфон баланд шуд, Табрики исавии ҳамон як нафар расид.