Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бачагӣ таъми хуши қанди хурӯсак дорад,

Бачагӣ таъми хуши қанди хурӯсак дорад, Мӯи чилкокулаш овезаи пӯпак дорад. Бачагӣ чист, ки аз рахнаи сақфаш хуршед Сабз дар сабз наво дораду чак-чак дорад. Ҷавшанам шеъри сапед аст ба рағми ҳашарот, Ҳамчу беде, ки ба тан хилъати оҳак дорад. Пеши дарвоза ситодаст саропо маъсум, Беди мо пир шуду мӯи ҷамолак дорад. Гуфтам аз минбари Афранг, ки эй қавми ҷадид, Бомаки лойини мо лолаарӯсак дорад. Фаҳшро ишқ шиносад, магасиро пилӣ Қавми имрӯз, ки имони мушаббак дорад. Ба ту, эй асли ҳақиқат, бидиҳад исми риё, Гар ба хуршедии хуршед касе шак дорад. Берун аз мадрасаву дарси суруд аст, аммо Дили тифлонаи ман боз чакомак дорад.