Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дили хамӯшам ҳиҷо надорад,

Дили хамӯшам ҳиҷо надорад, Нафас надорад, ҳаво надорад. Чунон тапишро, ки як замон дошт, Кунун надонам, чаро надорад. Ин арғунуне, ки захм - захм аст, Зи захма - захма наво надорад. Чӣ бахт дорад, чӣ бохт дорад, Диле, ки дарди туро надорад. Ай аз найистон, аз ин майистон, Сафо чӣ ҷӯӣ, сафо надорад. Майи баринӣ намефурӯшад, Майи баринӣ баҳо надорад. Туро, ки дорад, барои будан Дилам дусад қарн баҳона дорад. Мадад накардӣ бар ӯ, ки боре Ба шаҳри ишқат визо надорад. Кӣ ҳаст ҷуз ман ба фикри ин дил, Ки ишқ дорад ва ё надорад.