Дил аз қафас дигар андешаи фирор надорад,
Дил аз қафас дигар андешаи фирор надорад,
Вале даруни қафас ҳам даме қарор надорад.
Шаби дай асту турушрӯст моҳи лимӯӣ,
Шабе, ки барфашу ҳарфаш шакар нисор надорад.
Чу ту як омаданам ҳасту чун ту як рафтан,
Касе сафархати дигар дар ин диёр надорад.
Вурудномаи хуршед ҳаст бемӯҳлат,
Вурудномаи мо тамғаи ду бор надорад.
Агар ризост в-агар норизо, Банӣ Одам
Ба интихоби дигаргуна ихтиёр надорад.
Ба ҳар куҷо, ки барам сурхҳуҷҷати дили худро,
Бидуни мӯҳри Ту ин ҳуҷҷат эътибор надорад.
Дареғи хасм, ки чашмаш ба ғайри бад дидан
Дигар вазифаву ташвишу кору бор надорад.
Чӣ гуна ишқи башарро ба сина ҷо бидиҳад
Ҳар он касе, ки дилаш ишқи Кирдигор надорад.
Бидуни пайки ту, эй аввалин мубашшири Наврӯз,
Дилам баҳор надорад, дилам баҳор надорад.