Авҷ кабуд аст, кабуди кабуд,
Авҷ кабуд аст, кабуди кабуд,
Ишқ суруд аст, нахустин суруд.
Субҳ, ту бар ҳурмати Ҳақ арза кун,
К - аз чӣ сириштанд маро тору пуд.
Он чӣ навиштам ба ту, эй рамзёб,
Тарҷумаи ҳоли гули сурх буд.
Асли ман ин аст, дигар чеҳраро
Ман натавонам, ки кунам вонамуд.
Занг зан, эй ёр, ки занги қадим
Зуд зудоӣ зи дилам, зуд, зуд.
Рафт ду қарну зи дили лахт - лахт
Ишқ, ба номи ту ҳазорон дуруд!