Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар фосилаи салому падруд

Дар фосилаи салому падруд Дидем, ҳар он чӣ диданӣ буд. Олам ҳама доми нонамоест, Дар дом кӣ метавонад осуд? Хуш он ки дар ин дурӯза дунё Раҳҳои ҳазорсола паймуд. Хуштар зи хуш он, ки аз дили мо Ғамҳои ҳазорсола биздуд. Ошиқ, ки зи сӯхтан натарсад, Гулшан шавадаш шарори Намруд. Аз кас, ки вафо надидаам ман, Бо худ шудаам ҳабиб, бо худ. Оне, ки азон ба лаб биёмад, Чашмони маро ба субҳ бикшуд. Эй дил, гули зерибарфии ман, Хуш бод туро баҳори мавлуд!