Зиндагӣ, зимомат ку, не салом, не падруд,
Зиндагӣ, зимомат ку, не салом, не падруд,
Аввалу давомат ку, не салом, не падруд.
Ишқ, ишқи ҷонпаймо, шамси осмонпаймо,
Сӯи мо саломат ку, не салом, не падруд.
Эй дили саломатҷӯ, з-он азизи ғафлатпӯ
Номае ба номат ку, не салом, не падруд.
Эй дили саодатхоҳ, шукр гӯ ба ҷои оҳ,
Хомушӣ? Каломат ку, не салом, не падруд.
Аз гузаштаи беаҳд, аз ҳамин дами бешаҳд
Фикри интиқомат ку, не салом, не падруд.
Баста шуд дар аз шаш сӯ, ҷуз дари наҷоти ӯ,
Саъю эҳтимомат ку, не салом, не падруд.
Чун баҳори покиншо, гулнигору сабзифшо
Гул ба гул паёмат ку, не салом, не падруд.
Субҳи шамсойинам, шоми кавкабогинам,
Гавҳару рухомат ку, не салом, не падруд.
Аз сабоҳи оянда, аз пагоҳи фархунда
Тоза - тоза вомат ку, не салом, не падруд.