Азизи дур, ба номат кабӯтарона дуруд,
Азизи дур, ба номат кабӯтарона дуруд,
Зи боми нуқравари субҳ сад тарона дуруд.
Чу шаҳсавораи тақвими тундтоз шудам,
Ба дурдасти паровар, ба бекарона дуруд.
Ба баргу гул, ба чаман, бар рухи афифи баҳор
Зи номи шабнами дил дона-дона - дона дуруд.
Ба ҳар касе, ки зи қайди дирам раҳоӣ ҷуст,
Ба офтоб - ба ганҷури сад хизона дуруд.
Намебарад сӯи ту нардбони аслу маҷоз,
Зи таҳтхона ба тоқи нӯҳошёна дуруд.
Ҳазор қофила падруд ҳам, ки бифристӣ,
Ҳазор қофила бар номат, эй ягона, дуруд.
Ба исми аъзами ту, эй муҳаббати сармад,
Аз ин гузаштаву оянда ҷовидона дуруд.