Эй ёди хуррам, падруд, падруд,
Эй ёди хуррам, падруд, падруд,
Эй рашки Марям, падруд, падруд.
Аз боғи мино, аз барги раъно
Лағжид шабнам, падруд, падруд.
Фасли ҷавонӣ рафту наомад
Боз аз ҷаҳаннам, падруд, падруд.
Аз неъмати ӯ мо ҳам чашидем
Бисёр ё кам, падруд, падруд.
Ин реши кӯҳна дигар насӯзад
Дар ҳаҷри марҳам, падруд, падруд.
Ҳоло расидем аз ишқу риндӣ
То турбу шалғам, падруд, падруд.
Бар мағзи баста боре наёмад
Фикри муаззам, падруд, падруд.
Бо хомаи мо кай метавон кард
Ислоҳи одам, падруд, падруд.
Бе ҳеч эъҷоз, бе дидаи боз
Резем дарҳам, падруд, падруд.
Чун ту наояд, чун ман наояд
Дигар ба олам, падруд, падруд.
Бояд ба дилҳо идона бурдан,
Эй сӯгу мотам, падруд, падруд.
Килки муфарреҳ, бинвис аз имрӯз
Падруд, эй ғам, падруд, падруд.