Шафақ бо шавқи Мансурӣ ду ракъат ишқ мехонад,
Шафақ бо шавқи Мансурӣ ду ракъат ишқ мехонад,
Надорад тоби дайҷурӣ, ду ракъат ишқ мехонад.
Уфуқ саҷҷодаи боз асту хуршеди ғурубанда
Чу Аттори Нишопурӣ ду ракъат ишқ мехонад.
Мабин оромии зоҳир, ки дар умқи дили мо ҳам
Касе бо бонги шайпурӣ ду ракъат ишқ мехонад.
Шунидӣ чорзарби дил зи авҷи гунбади сина,
Ки гармогарми масрурӣ ду ракъат ишқ мехонад.
Бирав сад қарн онсӯтар, ба рафта ё ба оянда,
Раҳораҳ лолаи турӣ ду ракъат ишқ мехонад.
Чу зиштам, шукр мегӯям, ки ин ҳам ҳикмати Ёр аст,
Маро девӣ, туро ҳурӣ ду ракъат ишқ мехонад.
Абастоист оғозат, масеҳоист эъҷозат,
Чунин нуран алонурӣ ду ракъат ишқ мехонад.
Тапад ҳар сония қалбам фузунтар аз саду чил бор,*
Вале як гул, гули сурӣ ду ракъат ишқ мехонад.
* Дил дар як дақиқа 70 бор мезанад, вале диле, ки
манзури мост, дар як сония бештар аз 140 бор метапад.