Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз Ватан бастаи хунпечи сухан хоҳам бурд,

Аз Ватан бастаи хунпечи сухан хоҳам бурд, Коғазинҷомаи худро чу кафан хоҳам бурд. Ба ҳама ҳадяи ман хуни сиёвушон аст, На ба монанди шумо ёсу суман хоҳам бурд. Нашавад аз ватани ғайр кабӯтар дуздид, Пас чиро ҳадя ба фарзанду ба зан хоҳам бурд. Нӯҳ фалак гӯши гаронест пур аз пунбаи абр, Наъраи дигари афлокшикан хоҳам бурд. Гулу булбул бихарам аз луғати Дақёнус, Нағмаро боз ба табрики чаман хоҳам бурд. Гар Ватан ҷон талабад, чист, чӣ назри ночиз, Милиён мард занад наъра, ки ман хоҳам бурд! Ватанам ғамкадаву боз ба болои ғамаш Сад ғарам ғуссаи худро ба Ватан хоҳам бурд.